Нишасти комиссия муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе
Декабр 28, 2016 20:39 Asia/Dushanbe
Имрӯз дар Душанбе нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.
Ин нишаст зуҳри имрӯз ба раёсати Давлаталии Саид муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Рустам Азимов муовини нахуствазири Узбакистон ташкил шуд, ки то кунун аз ҷузъиёти тавофуқоти эҳтимолии он гузорише мунташир нашудааст.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дишаб муовини нахуствазир ва раиси комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тошканд – Душанберо ба ҳузур пазируфт.
Пас аз даргузашти Ислом Каримов ва бо рӯйи кор омадани давлати нав дар Тошканд ба раёсати Шавкат Мирзиёев аломатҳое аз беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбакистон мушоҳида мешавад.