Мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Русия
Нахуствазири Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Русия гуфтугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия ба раёсати Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон ва Марат Ҳуснуллин-муовини нахуствазири Русия дар Душанбе баргузор шуд . Дар ҳошияи ин дидор вазъияти мавҷӯд ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт . Дар ин дидор тарафҳо аз сатҳи ҳамкориҳо дар заминаҳои мавриди алоқа ибрози ризоят карданд. Тарафҳо хотирнишон карданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ба таври идомадор тавсеа ёфта ва ба сатҳи мушорикати роҳбурдии қобили эътимоду дӯстона расидааст .
Дар айни ҳол хотирнишон шуд, ки Русия шарики тиҷории аслии Тоҷикистон аст ва саҳми қобили таваҷҷӯҳе дар системаи гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дорад.