Декабр 29, 2016 11:26 Asia/Dushanbe
  • Оғози истиқрори ҷангафзорҳои пешрафтаи русӣ дар Тоҷикистон

Русия дар чорчӯби қарордоди ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон, истиқрор маҷмӯае аз ҷангафзорҳои пешрафтаро дар пойгоҳи низомии худ дар ин кишвар оғоз кардааст.

Ба гузориши ИРНА, хабаргузори Спутник навишт, Русия тақвияти пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистонро шурӯъ кардааст, таҷҳизот, таслиҳот ва нафарбарҳои ҷадиди зиреҳии ҷадидро ба ягонҳои русӣ дар ин кишвар таҳвил медиҳад.

Дар Қурғонтеппа дар 200 километрии марзи Афғонистон, корҳои марбут ба тақвияти пойгоҳи низомии Русия, рӯ ба поён аст.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, фаъолияти пойгоҳи мо аҳамияти зиёде дорад ва конун субот, амният ва боздорандаи тарҳҳои мутаҷовизона нисбат ба кишвари дӯст (Тоҷикистон) аст.

Неруҳои русӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин ҷангафзорҳои ҷадидеро таҳвил гирифта ва ахиран низ сомонаи мушакии оташбории Ураганро дарёфт кардаанд, ки бо тавони маняври боло, суръати истиқрори ҷангӣ дар се дақиқа ва тарки 90 сонияии маҳал, метавонад то 16 мушакро дар як шиллик партоб кунад.

Пойгоҳи низомёни русӣ дар Тоҷикистон, маҳалли истиқрори бузургтарин лашкари низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст, ки шаш ҳазор низомӣ дорад ва бар пояи тавофуқи Маскав ва Душанбе, ҳаддиақал то соли 2042 дар ин кишвар фаъолият мекунад.