Сохти хонаҳои хонаводаи қурбониёни садама дар Кулоб
Хонаҳо барои хонаводаи қурбониён садамаи нақлиётӣ дар Кулоб қабл аз шурӯи зимистон супурда мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон хонаҳои нав барои ҳодисадидагони Кулоб сохта мешавад, ки то ибтидои зимистон ба баҳрабардории комил мерасад.
Бахтиёр Назарзода-раиси ноҳияи Кулоб ахиран аз сохти манозили маскунӣ барои хонаводаҳои осебдида аз ин ҳодисаи даҳшатнок боздид кард.
Бар асоси дастӯруламали раиси ҷумҳури Тоҷикистон заминҳои ҳам барои хонаводаҳои осебдида ихтисос ёфта ва кори сохти манозил ба хубӣ идома дорад.
Раиси шаҳристони Кулоб дар ин боздид ба масъулону созандагон дастур дод, ки хонаҳо дар замони мушаххасшуда ва бо сифати хуб ба соҳибони онҳо шавад.
Вай ҳамчунин ба созандагон дастур дод, ки ба сифати маҳсулот тавваҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд.
Хотирнишон мешавад то кунун дар бархе аз манозил амалиёти насби сақф, дар,тирезаҳо ва ғайра анҷом шудааст .
Дар садамаи маргбори шомгоҳи 6 август дар Кулоб як мошини боркашонӣ ба далели харобии тормоз бо бархурд ба теъдоди аз манзилҳои маскунӣ сабаби тахриби хонаҳо ва аз байн рафтани васоили нақлиёти канори манозил шуд.
Бар асари тасодуф 10 нафар ҷон бохтанд ва 13 нафар маҷруҳ шуданд .