Талоши Русия барои истифода аз фурудгоҳи Айнӣ
(last modified Thu, 29 Dec 2016 08:40:49 GMT )
Декабр 29, 2016 13:40 Asia/Dushanbe
  • Талоши Русия барои истифода аз фурудгоҳи Айнӣ

Русия мехоҳад аз фурудгоҳи низомии Айнии Тоҷикистон дар 15 километрии ғарби Душанбе истифода кунад.

Ба гузориши Спутник, Игор Лякин-Фролов-сафири Русия дар Душанбе, дар як конфронси матбуотӣ гуфтааст, ки Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли тадвини тавофуқ барои истифодаи муштарак аз фурудгоҳи низомии Айнӣ ҳастанд ва Русия аз имзои ин санад суд хоҳад бурд.

Ба гуфтаи вай фурудгоҳи мазкур ҷузъи муҳимми гурӯҳи авиатсионии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ҳоли ҳозир дар ин фурудгоҳ чаҳор ҳеликуптар Mi-24 мустақар шудаанд.

Фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки зарфияти пазириши ҳама навъи ҳавопаймоҳои низомиро дорост, соли 2007 аз тарафи мутахассисони ҳиндӣ бозсозӣ шуд. Ҳинд барои бозсозии ин фурудгоҳ, 70 миллион доллар ҳазина кардааст.