Октябр 06, 2023 20:41 Asia/Dushanbe
  • Бахши Ҳофиз дар Осорхона (музей) -и миллии Тоҷикистон
    Бахши Ҳофиз дар Осорхона (музей) -и миллии Тоҷикистон

Бахши Ҳофиз ҳамзамон бо Рӯзи миллии забони форсӣ - тоҷикӣ дар Осорхона (музей) -и миллии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, Рӯзи миллии забони форсӣ - тоҷикӣ ҳамзамон бо сеюмин рӯзи баргузории ёздаҳумин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон бо ҳузури Мустафо Муҳаддисии Хуросонии шоир, Муҳаммадалии Рукнӣ ва Маҷиди Оқоӣ аз нависандагони эронӣ баргузор шуд.

Ҳамзамон бо ин рӯз бахши Ҳофиз дар Осорхона (музей) -и миллии Тоҷикистон бо ҳузури ҳайати эронии ҳозир дар ин намоишгоҳ ифтитоҳ шуд ва Мустафо Муҳаддисии Хуросонӣ ба ин муносибат ва ба муносибати Рӯзи миллии забони форсӣ - тоҷикӣ чанд ғазал аз Ҳофиз хонд ва дар бораи ҷойгоҳи забони форсӣ дар ҳамгироии фарҳангии миллати форсу тоҷик суҳбат кард.

Бахши Ҳофиз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон умуман шомили нусхаҳои хаттии муртабит бо Ҳофиз ва нусхаҳое аз Девони Ҳофиз аст.

Барои нахустин бор аст, ки дар музейҳои кишварҳои форсизабон як бахши мустақил барои Ҳофиз дар назар гирифта шудааст.

 

Барчасп