Дастгирии яке аз мухолифони давлати Туркия дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 07 Oct 2023 14:57:12 GMT )
Октябр 07, 2023 19:57 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии яке аз мухолифони давлати Туркия дар Тоҷикистон

Сервиси иттилоотии Туркия аз дастгирии яке аз аъзои шабакаи тарафдорони ФатуллоҳГюлен дар Тоҷикистон хабар дод.

Туркия Фатуллоҳ Гюлен, чеҳраи барҷастаи мухолифони Раҷаб Тайиби Эрдуғон, раисиҷумҳури ин кишвар ва тарафдоронаш мавсӯм ба шабакаи Фатуро омили кудатои нофарҷоми соли 2016 муаррифӣ мекунад.

Пас аз ин кудато, давлати Туркия дастгирӣ, ҳабсу эъдоми тарафдорони Гюленро шиддат бахшида ва барои таъқибу шикори аъзои Фату аз ҳеҷ талоше руйгардон нест.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии Middle East Monitor, сервиси иттилоотии Туркия, яке аз аъзои таҳти таъқиби шабакаи Фатуро дар Тоҷикистон дастгир карданд.

Ба гуфта як манбаи амниятии огоҳ, ки дар гузоришҳо номе аз вай бурда нашуда, Корай Вурал ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон дастгир ва ба Туркия бозгардонда шуд.

Ин манба тасреҳ кард, Вурал ба дастури шабакаи Гюлен ва бо ҳадафи созмондиҳии фаъолиятҳои худ дар Тоҷикистону минтақаи Осиёи Марказӣ ба ин кишвар рафта буд.

Бинобар гузоришҳои мунташир шуда, ин узви шабакаи Гюлен борҳо ба мақари ин шабака дар иёлати Пенсилвания дар Амрико рафту омад дошта ва аз шахси Фатҳуллоҳ Гюлен дастӯроте дарёфт кардааст.