Июл 31, 2016 20:15 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Индонезия

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, якшанбе, 31 июл вориди Ҷакарта, пойтахти Индонезия шуд то дар дувоздаҳумин ҳамоиши байналмилалии иқтисодии исломӣ дар Ҷакарта ширкат кунад.

Ба гузориши сайти "ТОП тҷ", Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вузарои умури хориҷа, санъат ва фанноварии ҷадид, иқтисод ва тиҷорат, раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин раиси Бонки миллии ин кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар чорчӯби ин нишаст ҳамчунин дидор ва гуфтугӯҳои Раҳмон бо сарон ва масъулони Индонезия ва кишварҳои ширкаткунанда дар ин иҷлос барномарезӣ шудааст, ки дар ин мулоқотҳо, густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ин сеюмин сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Индонезия аст.

Коршиносон яке аз аҳдофи умдаи сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Индонезияро талош барои ҷазби сармояи кишварҳо ва созмонҳои исломӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароити идомаи буҳрони молии феълӣ унвон мекунанд. Зеро Тоҷикистон ба унвони узви Созмони ҳамкории исломӣ ҳамвора бар зарурати ҷазби сармояи кишварҳо ва ниҳодҳои молии исломӣ дар иқтисоди ин кишвар таъкид мекунад.

Дар ҳоли ҳозир бо кӯмаки молии Бонки рушди исломӣ дар ин кишвар чандин тарҳи зербиноӣ дар дасти сохт аст.

Коршиносон яке аз шурути ҷазби сармоягузории кишварҳо ва созмонҳои исломӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро фароҳам сохтани заминаи муносиб  барои таъмини амнияти ин сармояҳо, эътои имтиёзот ва тазмини бозпардохти манобеи молии хориҷӣ унвон мекунанд.

Барчасп