Декабр 29, 2016 19:30 Asia/Dushanbe
  •  Натоиҷи нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон муҳимтарин натоиҷи дар ҷаласаи байниҳукуматии миёни ду кишвар бадастомадаро дар шаҳри Душанбе эълом кардааст.

Шоҳқосим Шоҳисломов дар суҳбат бо расонаҳои маҳалӣ гуфтааст, ки дар поёни нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон рӯзи 28 декабр тафоҳумнома дар мавриди оғози парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар нимаи аввали соли 2017 ва харидории алюминиуми тоҷик аз ҷониби корхонаҳои саноатии Узбакистон ба имзо расидааст. Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон ҳамчунин азфудааст, ки ҷонибҳо асноди ҳусни тафоҳум дар мавриди коҳиши қимати ҳамлу нақл аз тариқи роҳи оҳан ва додугирифти тарафайни коло миёни ду кишварро  имзо кардаанд.

Гуфта мешавад, инчунин тарафҳо созиш кардаанд, ки дар шаҳри Душанбе Анҷумани соҳибкорони тоҷику узбак таъсис дода шуда, моҳи апрели соли 2017 дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи колоҳои тавлиди Узбакистон баргузор шавад. Дар баробари ин ниҳодҳои марбутаи ду кишвар муваззаф шудаанд, ки дар мавриди роҳандозии омадурафти автобусҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Узбакистон лоиҳаи созишномаи байнидавлатиро  дар ин замина таҳия кунанд. Ҳамчунин баргузор кардани Рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон аз дигар тавофуқҳо будааст.

Дар назар аст, ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ моҳи июни соли оянда дар шаҳри Тошканд баргузор шавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 27 ва 28 декабр дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон зери раҳбарии Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон баргузор шуд.

Бояд гуфт, як рӯз қабл аз баргузории ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон хостори бекор кардани низоми раводид миёни ду кишвар  шуда, аз ибтикори  барқарор намудани парвозҳо миёни Тошканду Душанбе истиқбол кард. Ӯ инчунин хост, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон биёяд. 

Иртиботи мустақими ҳавоӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе соли 1992 қатъ шуд. Баъдан,  соли 1999 Тошканд марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда, соли 2000 бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ намуд. Вале баъди даргузашти президенти собиқи Узбакистон Ислом Каримов раҳбарияти нави ин кишвар изҳор доштааст, ки робитаҳояшро бо ҳамсоякишварҳояш, аз ҷумла Тоҷикистон беҳбуд мебахшад.