Сафорати Эрон дар Тоҷикистон : Ҳамла ба бемористони « Алмаъмадонӣ » ҷинояти ҷангӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i108300-Сафорати_Эрон_дар_Тоҷикистон_Ҳамла_ба_бемористони_Алмаъмадонӣ_ҷинояти_ҷангӣ_аст
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бемористони « Алмаъмадонӣ » дар Ғаззаро наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ унвон кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 19, 2023 19:20 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Эрон дар Тоҷикистон : Ҳамла ба бемористони « Алмаъмадонӣ » ҷинояти ҷангӣ аст

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бемористони « Алмаъмадонӣ » дар Ғаззаро наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ унвон кард.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бемористони « Алмаъмадонӣ » дар Ғаззаро наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ унвон кард .

Дар ин баёния омадааст : Мардуми дунё шоҳиди ҳамлаи ҳавлноку ҷунуномези режими саҳюнистӣ ба бемористони Алмаъмадонии Ғазза бо истифода аз бомбҳои амрикоӣ буданд, ки мунҷар ба шаҳодати садҳо тан аз занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии мазлӯм ва бепаноҳи Фаластин шуд . Ин иқдоми ваҳшиёна бидуни тардид мисдоқ(намуна)и наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ аст.