Густариши равобити Тоҷикистону Туркия дар ҳавзаи гардишгарӣ
Дар дидори мақомоти гардишгарии Тоҷикистону Туркия густариши ҳамкории байни ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ баррасӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Камолиддин Муъминзод-раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон бо Гиёкхон Ёзгӣ-муовини вазири фарҳангу гардишгарии Туркия дидору гуфтугу кард.
Дар ин мулоқот, ки дар ҳошияи бисту панҷумин иҷлоси маҷмаъи умумии Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, густариши ҳамкории байни ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ду тараф дар идомаи ин дидор саноъати гардишгариро ба унвони заминаи авлавиятдори тавсеаи иқтисоди миллии арзёбӣ ва табодули таҷрибаву истифодаи муассири таҷрибаи Туркия дар заминаи ироаи хадамотро баррасӣ карданд .
Кумак ба ҷазби сармоягузории Туркия ба тавсеаи зерсохтҳои гардишгарӣ, истифодаи муассир аз беҳтарини шеваҳои Туркия дар рушди саноъати гардишгарии Тоҷикистон аз дигари мавзӯъоти мавриди баҳси ду тараф буд.
Дар поёни ин мулоқот бо тавваҷуҳ ба тавсеаи саноъати гардишгарӣ ва таҷрибаи Туркия дар ироаи хадамоти босифат ва зарфияту фурсатҳои фаровони Тоҷикистон, фаъолсозии ҳамкории байни ду кишвар дар заминаи гардишгарии саломат, таърихӣ, варзишӣ ва кори бисёр муҳим дониста шуд.