Лигаи қаҳрамонони Осиё/ пирӯзии "Персеполис" муқобили "Истиқлоли"-и Тоҷикистон дар Теҳрон+видео
(last modified Wed, 25 Oct 2023 07:25:45 GMT )
Октябр 25, 2023 12:25 Asia/Dushanbe

Дар ҳафтаи сеюми Лигаи қаҳрамонони Осиё тими футболи "Персеполис" муқобили "Истиқлоли"-и Тоҷикистон дар ҳоле ба пирӯзӣ расид, ки Бернованд дарвозабони ин тим пеналтии дақиқаи 3 ҳарифи тоҷикистониро маҳор кард.

Ин бозӣ бо натиҷаи ду бар сифр ба сӯди тими "Персеполис" ба поён расид.

Ҳарду голи тими "Персеполис"-ро Саиди Содиқӣ дар нимаҳои аввал ва дувуми бозӣ дар дақоиқи 44 ва 71 басамар расонад.

Тими футболи "Персеполис" бо пирӯзӣ муқобили "Истиқлоли"-и Тоҷикистон 6 имтиёзӣ шуд ва гоми баланде барои сууд аз гуруҳи E бардошт.

Сешанбеи 16 обон дар даври баргашти мусобиқот, "Персеполис" дар шаҳри Душанбе ба масофи истиқлоли Тоҷикистон хоҳад рафт.