Баррасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон
(last modified Thu, 26 Oct 2023 12:37:24 GMT )
Октябр 26, 2023 17:37 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон
    Густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон имрӯз (панҷшанбе) бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.

Ба гузориши ИСНА, дар дидори Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ин кишвар ҳамкориҳои ҷории иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар бахшҳои мухталиф мавриди табодули назар қарор гирифт.

Тарафи тоҷик низ фурсатҳои сармоягузорӣ ва пружаҳои дорои авлавияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба вижа дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистонро ташреҳ кард.

Ҳақиқиён бо ишора ба фаъолияти ҷории ширкатҳои эронӣ дар пружаҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохти обанбор ва нерӯгоҳи "Сангтуда - 2", туннели "Истиқлол" ва мушорикат дар сохти нерӯгоҳи бузурги "Роғун" барои афзоиши ҳамкориҳо дар ин бахш эъломи омодагӣ кард.
Дар ин росто муқарар шуд, Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамоиши иқтисодӣ тиҷорӣ бо ҳузури корфармоёну мудирони ширкатҳои бахши хусусии ду кишвар дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.