Машварати мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон
Раиси парлумони Туркманистон ва сафири Тоҷикистон дар Ашқобод дар нишасте бар аҳамияти густариши дипломосии парлумонӣ таъкид карданд.
Равобити сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон (ба унвони ду кишвар мустақил) аз 27 январи 1993 бо имзои протокол барқарор шуд. Ҳамчунин аз феврали 1995 сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод ва аз 26 июни 1999 сафорати Туркманистон дар Душанбе оғоз ба кор кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Вафо Ниятбекзода-сафири Тоҷикистон дар Ашқобод ва Дунёгузал Гилмонова-раиси парлумони Туркманистон дар нишасте дипломосии парлумониро абзори қобили эътимод ва коромад барои густариши равобит байни кишварҳо донистанд.
Дар ин дидор фаъолияти "Гуруҳи дӯстии байнипарлумони Тоҷикистон ва Туркманистон" мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ду тараф ҳамчунин барои афзоиши бештари таомулот ва ташдиди фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон ибрози алоқа карданд.
бештар бихонед: