Тоҷикистон дар остонаи буҳрони мутахассис
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10867-Тоҷикистон_дар_остонаи_буҳрони_мутахассис
Коршиносон бар ин боваранд, ки агар дар Тоҷикистон барномаи пешгирӣ аз “фирори мағзҳо” таҳия ва амалӣ нашавад, дар ояндаи наздик ин кишвар бо камбуди мутахассисон мувоҷеҳ мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 31, 2016 07:58 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар остонаи буҳрони мутахассис

Коршиносон бар ин боваранд, ки агар дар Тоҷикистон барномаи пешгирӣ аз “фирори мағзҳо” таҳия ва амалӣ нашавад, дар ояндаи наздик ин кишвар бо камбуди мутахассисон мувоҷеҳ мешавад.

Ба гузориши сойти “ТопТҶ”, дар 20 соли ахир наздик ба 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт карда, ҳамчунин дархости муҳоҷират ба ин кишвар ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст. Дар ин муддат наздик ба як миллион русу русзабон Тоҷикистонро барои ёфтани шуғли беҳтар тарк карда ва муҳоҷирати мутахассисони ғайрирус ба Русия бар асоси барномаи давлатии муҳоҷирати ин кишвар идома дорад. Аз сӯйи дигар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон ба шиддат ба муаллимони фанҳои химия, физика, риёзӣ, забонҳои англисӣ ва русӣ ниёз дорад. Дар бахши беҳдошти ин кишвар низ камбуди се ҳазор мутахассис эҳсос мешавад.

Мухтор Абдуллоев, коршиноси тоҷик гуфтааст, ки буҳрони иқтисодӣ, маоши кам ва набудани дурнамо барои фароҳам овардани шароити корӣ аз омилҳои аслии “фирори мағзҳо” аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумони ин кишвар ба идораҳои масъули ҳукуматӣ дастур додааст, ки то соли 2020 мушкили камбуди мутахассисонро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳал кунанд.  Бо ин ҳол, коршиносон муътақиданд, барои раҳоӣ аз ин шароит бояд барномаи вижаи давлатӣ таҳия ва амалӣ шавад.