Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи қонуни асосиро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.
(last modified Tue, 07 Nov 2023 05:26:21 GMT )
Ноябр 07, 2023 10:26 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи қонуни асосиро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хотирнишон кард, ки тасвиби Қонуни асосӣ дар 29 сол пеш поя ва асоси эҷоди як кишвари демократӣ, қонунӣ ва дунявиро эҷод кард.

Ӯ изҳор кард Тоҷикистон ба лутфи Қонуни асосӣ тавонист ба ҷомеаи ҷаҳони эълом кунад, ки сиёсати сулҳомезро думбол мекунад ва ба истиқлол ва ҳокимияти дигар кишварҳо эҳтиром мегузорд.

 Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки бояд аз синни кӯдакӣ ба кӯдакон омӯзиш дода шавад, ки ба Қонуни асосӣ эҳтиром бигузоранд.