Истиқболи расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раиси Ҷумҳурии исломии Эрон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Миллати шаҳри Душанбе - пойтахти ин кишвар ба сурати расмӣ аз раиси Ҷумҳурии исломии Эрон истиқбол кард.
Дар маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, аъзои ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар ба якдигар муаррифӣ шуданд.
Билофосила пас аз баргузории маросими истиқбол, дидори хусусии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон дар Қасри Миллат баргузор шуд.
Дар идома низ музокироти дуҷонибаи ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар баргузор мешавад.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар садри ҳайате ба ин кишвар сафар кард. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон пеш аз азимат ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон дар ташреҳи барномаҳои сафари худ гуфт: Равобити Эрон бо Тоҷикистон, ки ба даъвати раиси Ҷумҳурии ин кишвар анҷом мешавад, дар ростои тақвияти равобити сиёсиву иқтисодӣ ва равобити фарҳангии байни ду кишвар аст.
Ба гуфтаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, асноде дар сафар ба Тоҷикистон имзо хоҳад шуд, ки дар ҷиҳати тавсеаву тақвияти равобити байни ду кишвар аст.