Ноябр 10, 2023 21:21 Asia/Dushanbe
  • Густариши таомулоти Тоҷикистон бо ширкатҳои дорӯсозии Эрон
    Густариши таомулоти Тоҷикистон бо ширкатҳои дорӯсозии Эрон

Дар дидори имрӯзи Меҳдии Сафарӣ, муовини дипломатии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, бар алоқамандии ду тараф нисбат ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар заминаи саноат, маъдан, фанновариҳои нав, транзит ва нафт таъкид шуд.

Ба гузориши ИСНА, дар ин дидор, ки Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар он ҳузур дошт, Сафарӣ бо ишора ба тавонмандиҳои ҷумҳурии исломӣ дар заминаи нано, биотехнология, котолист, тавлидоти петрошимӣ, тавлиди доруҳои ҷадид барои муолиҷаи беморони саратонӣ, таҷҳизоти пизишкии пешрафта ҷиҳати амали ҷарроҳии мағз, доруҳои шимиёӣ ва мукаммилҳои рушди тавлидоти кишоварзӣ аз омодагии ширкатҳои эронии донишбунён ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ хабар дод.

Ҳамчунин имкони ҳамкории ширкатҳои тавонманди Эрон дар бахши иктишоф, истихроҷ ва фароварии маодину сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву тиҷорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Вазири саноати Тоҷикистон бо эътироф ба фанновариҳои пешрафтаи Эрон, аз ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар заминаи донишбунён истиқбол ва бар алоқамандии Душанбе ҷиҳати густариши таомулот бо ширкатҳои дорӯсозии Эрон ба манзури таъмини ниёзҳои дохилӣ таъкид кард.

Дар ин дидор ҳамчунин мавзӯи ҳамкориҳои транзитӣ, тавлиди трактору адавоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп