Даъват аз Мирзиёев барои сафар ба Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои узбакистонии хеш барои сафар ба Тоҷикистон даъват ба амал овардааст.
Ба гузориши сойти иттилорасонии раёсатҷумҳурии Узбакистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев ҳамтои узбакистонии хеш барои сафар ба Тоҷикистон дар ҳар замони муносиб, даъват ба амал овардааст.
Дар ин хабар таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми дидор бо ҳайати Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, даъватнома барои сафари Мирзиёев ба кишварашро ба Рустам Азимов, муовини нахуствазир ва раиси узбакистонии ин комиссия тақдим кардааст.
Бар асоси ин гузориш, Узбакистон эълом кардааст, ки дар авоили соли 2017 дар шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳи бузурги санъатии хешро, ки шомили худравҳои тавлид шуда дар ин кишвар ва маҳсулоти мухталифи санъатӣ мешавад, баргузор хоҳад кард. Ин нахустин намоишгоҳи тахассусии Узбакистон тайи беш аз 26 соли ахир дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Бар асари ихтилофоти сиёсии Тоҷикистон ва Узбакистон мизони муомилоти тиҷории ду кишвар, ки дар соли 2000 наздик ба 500 миллион доллар буд, дар соли 2015 ба 12 миллион доллар коҳиш ёфт.
Бо ин ҳол, пас аз даргузашти Ислом Каримов ва рӯи кор омадани давлати ҷадид дар Тошканд, нишонаҳое аз беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбакистон ошкор шудааст.