Декабр 12, 2023 11:39 Asia/Dushanbe
  • Кушоиши дувумин бозорчаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон

Бозорчаи марзӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ба истифода дода шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Асия-Плюс , дувумин бозорчаи муштараки марзии Тоҷикистон ва Афғонистон дар рустои Шоҳони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушоиш ёфт.  Сохти ин бозори марзӣ муддатҳо пеш ба поён расида буд, аммо ба далоили амниятӣ кушоиши он ба таъхир афтод.

 Бозор бо дастури вежаи Эмомалӣ Раҳмон кушоиш ёфтааст.

Ҳамакнун ин бозор шанбеи ҳар ҳафта аз соати 8 то 12 дар хоки Тоҷикистон барпо мешавад ва маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон ба фурӯш мерасад.  Ҳар маҳсуле, ки дар марз фурӯхта шавад тавассути мақомоти ду кишвар баррасӣ мешавад.

 Кумитаи гумрук, неруҳои марзбонӣ ва дигар ниҳодҳои муртабити Тоҷикистон тамоми колоҳои убурӣ аз марзро контрол мекунанд.

 Бозор аз ду масири ҷудогона ташкил шудааст, ки тоҷирони афғонро аз тоҷирони тоҷик ҷудо мекунад. Болои бозор сарпӯшида аст ва ҳатто дар рӯзҳои боронӣ ва барфӣ ҳам хариду фурӯш вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар чандин ошпазхона ғизоҳои миллии Тоҷикистон пухта мешавад.

 

Барчасп