Декабр 27, 2023 14:20 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои сабти ҷаҳонии ҷашни Меҳргон+ акс

Тоҷикистон дархости сабти ҷашнвораи бостонии Меҳргонро дар феҳристи «мироси фарҳангии номалмӯс»-и Созмони Омӯзишӣ, Илмӣ ва Фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ироа кард.

Ба гузориши ИРНА, расонаҳои Тоҷикистон ба нақл аз Зулфия Бурҳон, котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО эълом карданд, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои бостонии «Меҳргон» дар ин кишвар ба манзури «иртиқои ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳои ҷадид бо мироси ниёкон» эҳё шуд. Зулфия Бурҳон тасреҳ кард, бинобар ин пешниҳоди сабти ҷашнвораи Меҳргон дар феҳристи мироси номалмӯси ЮНЕСКО барои соли 2024 ироа шудааст.

Image Caption

Ҷашни Меҳргон, ки аз соли 2009 дар Тоҷикистон баргузор мешавад, як ҷашни бостонӣ монанди Наврӯз аст. Дар соли 2009 , давлати Тоҷикистон тасмим гирифт то таътилоти Меҳргонро, ки марбӯт ба поёни бардошти маҳсӯлоти кишоварзӣ аст, эҳё кунад. Аз он замон Меҳргон дар маҷлиси ин кишвар дар феҳристи таътилоти расмӣ қарор гирифт.

Торномаи Ази Плюс  навишт, ҳарсола ин ҷашн дар Тоҷикистон бештар ва бо шукуҳтар баргузор мешавад. Дар бахше аз ин ҷашнвораҳо, фурӯшгоҳҳо ва намоишгоҳҳои маҳсӯлот ва мошинолоти кишоварзӣ барпо мешавад.

Image Caption

Дар ҳаждаҳумин иҷлоси Кумитаи байни давлатии Созмони мироси номалмӯс, ки аз 4 то 9 декабр дар шаҳри Косона (Ботсвана) баргузор шуд, беш аз 40 мавриди ҷадид ба феҳристи ЮНЕСКО изофа шуд.

Дар ин нишаст тасмим гирифта шуд, ки се пешниҳод аз Тоҷикистон дар феҳраст қарор гиранд. Ҳунари бофандагони тоҷик дар сохти атлас, тазъиноти ҳунарӣ (номзадии муштарак бо Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Узбекистону Туркия) ва ҷашнвораи бостонии Сада (номзадии муштарак бо Эрон) ба унвони ҳунару мироси фарҳангӣ шинохта шуд.

Ҳадафи аслӣ, муаррифӣ, ҳифозат аз одобу русум, дониш, маҳоратҳои суннатӣ ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда аст. Беш аз 600 ном дар ин феҳраст зикр шудааст.

 

Барчасп