Чаро ҳазрати Маҳдӣ намоди умед барои башарият ҳастанд?
https://parstoday.ir/tg/news/religion-i122758-Чаро_ҳазрати_Маҳдӣ_намоди_умед_барои_башарият_ҳастанд
Порс Тудей - Дар дили андешаи маҳдавият, як паёми равшану дилгармкунанда наҳуфтааст; умед ба ояндае беҳтар. Ин умед фақат махсӯси мусулмонон нест, балки дар бовари бисёре аз адёну фарҳангҳои башарӣ дида мешавад.
(last modified 2025-11-05T13:24:43+00:00 )
Ноябр 05, 2025 18:23 Asia/Dushanbe
  • Чаро ҳазрати Маҳдӣ намоди умед барои башарият ҳастанд?

Порс Тудей - Дар дили андешаи маҳдавият, як паёми равшану дилгармкунанда наҳуфтааст; умед ба ояндае беҳтар. Ин умед фақат махсӯси мусулмонон нест, балки дар бовари бисёре аз адёну фарҳангҳои башарӣ дида мешавад.

Дар дунёе, ки пур аз беадолатӣ, табъиз ва зулм аст, инсонҳо ба дунболи равзанае барои наҷот ва оромишанд.

Ба гузориши Порс Тудей, интизор барои зуҳӯри ҳазрати Маҳдӣ (а), ҳамин равзанаи умедро барои муъминон фароҳам мекунад. Ин интизор, як хаёл ё орзӯе дур нест; балки боваре амиқу решадор аст.

Умеди доштан, яъне бовар кунем, ки бо вуҷӯди сахтиҳо ва мушкилоти имрӯз, фардое равшан дар роҳ аст. Фардое, ки бо зуҳӯри мунҷии мавъуд, ҷаҳони торику пур аз зулм ба дунёе саршор аз адолат, меҳрбонӣ ва сулҳ табдил мешавад. Чунин умеде, рӯҳи инсонро зинда нигаҳ медораду ангезаи ҳаракату талошро дар дилҳо мекорад.

Зуҳури имом Маҳдӣ, яъне поён додан ба зулм, фасод ва беадолатӣ ва оғози даврае, ки адолати воқеӣ ва илоҳӣ дар саросари ҷаҳон барқарор мешавад. Дар нигоҳи исломӣ, адолат фақат тақсими баробари манобеъ нест; балки шомили адолати маънавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳам мешавад. Дар ҳукумати маҳдавӣ, ҳеҷкас зери бор зулм намемонаду ҳуқуқи ҳамаи инсонҳо муҳтарам шумурда мешавад.

Ривоёти зиёде аз даврони зуҳури имом Маҳдӣ(а) сухан гуфтаанд; давроне, ки дар он маҳрӯмон ба ҳақашон мерасанд, ситамгарон канор мераванду ҷомеъае инсонӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ шакл мегирад.

Аз нигоҳи фардӣ, бовар ба зуҳури имом боис мешавад инсон сабуртар, муқовимтару ахлоқмадортар бошад. Касе, ки мунтазири зуҳӯр аст, талош мекунад зиндагиашро бар асоси арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ бисозад ва аз зулму фасод дурӣ кунад.

Аз нигоҳи иҷтимоӣ, ин интизор илҳомбахши ҳаракатҳои ислоҳталабона ва адолатхоҳона аст. Касоне, ки ба зуҳури ҳазрати Маҳдӣ имон доранд, худро масъули мубориза бо фасод ва беадолатӣ медонанд ва барои сохтани ҷомеъае поку одилона талош мекунанд.