Имзои панҷ тафоҳумномаи ҳамкории расонаӣ ва фарҳангӣ миёни Эрон ва Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122762-Имзои_панҷ_тафоҳумномаи_ҳамкории_расонаӣ_ва_фарҳангӣ_миёни_Эрон_ва_Покистон
Порс Тудей - Панҷ тафоҳумномаи ҳамкории расонаӣ ва фарҳангӣ миёни Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ниҳодҳои расонаӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расид.
(last modified 2025-11-05T13:41:35+00:00 )
Ноябр 05, 2025 18:39 Asia/Dushanbe
  • Имзои панҷ тафоҳумномаи ҳамкории расонаӣ ва фарҳангӣ миёни Эрон ва Покистон

Порс Тудей - Панҷ тафоҳумномаи ҳамкории расонаӣ ва фарҳангӣ миёни Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ниҳодҳои расонаӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расид.

Ба гузориши Pars Today, тафоҳумномаҳои ҳамкории расонаӣ ва фарҳангӣ байни Эрон ва Покистон дар сафари ҳайати олирутбаи расонаии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раёсати Аҳмад Наврузӣ, муовини раиси созмон ва раиси бахши бурунмарзии Садо ва симо ва бо ҳузури Аббоси Муҳаммаднажод, мудири кулли умури байналмилал, Муртазо Шамсӣ, мудири шабакаи ҷаҳонии Саҳар ва Ҷобир Алӣ Муҳаммадӣ, мудири кулли Садо ва симои маркази Систон ва Балуҷистон дар ҳузури Атоуллоҳ Торар, вазири федерали иттилоот ва расонаҳои ҷамъии Покистон имзо шуд. Бар асоси ин тавофуқҳо, Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шабакаи телевизиони миллии Покистон (PTV), шабакаи хусусии Sub TV, ширкати синамоии Cinepax Media Pvt Ltd ва шабакаи минтақавии Vsh TV тафоҳумномаҳои ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои фаннӣ, омӯзишӣ, тавлидӣ ва фарҳангӣ имзо кард.

Меҳварҳои ин тафоҳумномаҳо шомили табодул ва пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, тавлидоти муштараки расонаӣ ва фарҳангӣ, ҳамкориҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ, табодули таҷрибаҳои фаннӣ ва баргузории давраҳои тахассусӣ ва ҳамчунин мушорикат дар ҷашнвораҳо ва рӯйдодҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар аст. Яке аз меҳварҳои барҷастаи ин ҳамкориҳо, мушорикати фаннӣ ва омӯзишии Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тарҳи эҷоди «Шаҳраки синамоии Панҷоб» бо ҳамкории ширкати Cinepax Media аст, ки бо ҳадафи тавсиаи зерсохтҳои тавлидоти синамоӣ ва табодулоти фарҳангӣ миёни ду кишвар иҷро хоҳад шуд.

Дар ҳошияи имзои тафоҳумномаҳо, вазири федерали иттилоот ва расонаҳои ҷамъии Покистон бо қадрдонӣ аз ҳузури ҳайати эронӣ, имзои ин аснодро нуқтаи атфе дар равобити расонаӣ ва фарҳангии ду кишвар тавсиф кард. Вай изҳор дошт: ҳамкории расонаҳои Эрон ва Покистон метавонад ба тақвияти ваҳдати уммати исломӣ, муқобила бо таҳрифҳои расонаии Ғарб ва густариши таомулоти фарҳангӣ ва мардумӣ миёни ду миллат мунҷар шавад. Ҳайати эронӣ низ имзои ин тафоҳумномаҳоро гоми амалӣ дар масири густариши дипломатияи расонаии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷануби Осиё ва бистарсози ҳамкориҳои пойдори расонаӣ ва фарҳангӣ миёни Теҳрон ва Исломобод донист.

Дар ҳамин ҳол дар хилоли боздиди ҳайати олирутбаи расонаии Эрон аз Радиои миллии Покистон (PBC) дар Исломобод, ду тараф бар густариши ҳамкориҳои фаннӣ ва муҳтавоӣ миёни расонаҳои миллии Эрон ва Покистон таъкид ва заминаҳои эҷоди каналҳои муштарак ва табодули таҷрибаҳои радиоиро баррасӣ карданд. Дар ин дидор тарафайн зимни мурури зарфиятҳои расонаии мавҷуд, бар нақши радио дар тақвияти дипломатияи фарҳангӣ ва муқобила бо ҷанги нарми расонаӣ таъкид карданд.

Табодули барномаҳои радиоӣ, гоми тоза дар ҳамкории расонаии ду кишвар

Аҳмад Наврӯзӣ, муовини раиси созмон ва раиси бахши муовинати бурунмарзии Садо ва Симо дар ин дидор табодули барномаҳои тавлидшуда миёни радиоҳои миллии ду кишварро гоми муассир барои густариши иртибототи фарҳангӣ ва расонаӣ миёни Эрон ва Покистон тавсиф кард. Вай бо таъкид бар аҳамияти ҳам-афзоии расонаӣ дар минтақа гуфт: Эрон омодагӣ дорад мустанаддот ва маҷмӯаҳои радиоии тавлидшудаи худро дар ихтиёри расонаи миллии Покистон қарор диҳад ва дар заминаи тавсиаи каналҳо ва пойгоҳҳои радиоӣ бо коршиносони покистонӣ ҳамкорӣ кунад. Наврӯзӣ ҳамчунин пешниҳод кард канали муштараке бо унвони «Дӯстии Эрон ва Покистон» роҳандозӣ шавад то барномаҳои фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоии ду кишвар ба сурати муштарак дар он пахш гардад.

Дар ҳамин ҳол, Саид Аҳмад Шайх, мудири кулли Радиои Покистон дар ин дидор бо ташреҳи фаъолиятҳо ва равишҳои ин расона гуфт: Радиои миллии Покистон дар хатти муқаддами муқобила бо ҷанги расонаӣ ва таблиғоти манфии кишварҳои истеъморгар ва истекборӣ қарор дорад ва бо такя бар дипломатияи фарҳангӣ дар талош аст ҳамкорӣ миёни миллатҳоро тақвият кунад. Вай афзуд: Радиои Покистон бо беш аз 90 канали фаъол дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ, рӯзона барномаҳои мутанаввеъ тавлид мекунад ва пахши бюллетени хабарии форсиро низ барои алоқамандон ва форсизабонон дар Покистон дар дастури кор дорад. / Хабаргузории Садо ва симо