Январ 02, 2017 15:48 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои таъмири танкҳои Толибон ба дасти русҳо дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон тармим ва бозсозии танкҳо ва таслиҳоти ҷангии Толибон дар қаламрави ин кишварро рад карданд.

Ба иттилои Toptj, Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангуи Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои таъмири таҷҳизоти ҷангии Толибон дар Тоҷикистонро беасос донист, аммо дар айни ҳол гуфт, таҳқиқ дар бораи ин хабар идома дорад ва пас аз баррасӣ, ин мавзуъ бо ҷузъиёти бештаре дар расонаҳо мунташир хоҳад шуд.

Умар Софӣ, раиси пешини вилояти Қундуз иддао кардааст, ки танкҳов ва таҷҳизоти сангин, ки дар ҷарёни ҷанг аз дасти нерӯҳои амниятии афғон ба дасти Толибон меафтад, ба Тоҷикистон интиқол ёфта ва муҳандисони рус ин таҷҳизотро барои Толибон таъмир мекунанд.

Вай гуфтааст, ки кумаки Русия ба Толибон сабаби афзоиши ҳамалоти Толибон дар Қундуз ва ду мартаба суқути ин устон шудааст.

Иддаои раиси пешини вилояти Қундуз дар мавриди тармим ва бозсозӣ шудани таҷҳизоти ҷангии Толибон дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ шуда, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ хабарҳо дар мавриди ҳимояти русҳо аз гурӯҳи Толибон афзоиш ёфтааст.

Бо ин вуҷуд Русия дар изҳороти расмӣ хостори ҳамкорӣ бо давлати Ашраф Ғанӣ аст ва пуштибонии худро аз артиши Афғонистон эълом кардааст.