Январ 01, 2024 18:04 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ҷудои Ҳанонов аз Персполис
    Эҳтимоли ҷудои Ҳанонов аз Персполис

Мудофеъи тоҷикистонии Персполис эҳтимолан дар нақлуинтиқолоти нимфасл аз феҳрести сурхпушон канор гузошта шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Яҳё Гулмуҳаммади сармураббии тими футболи Персполис дар нақлуинтиқоли нимфасл дунболи рафъи нуқоти заъфи сурхпушонаст ва дар ҳамин ростои ҷазби мудофеъи чапи яке аз аҳдофи аслии персполисҳо дар нақлуинтиқол хоҳад буд.

Сурхпушон дар ҳамин замина низ Юнуси Акбарпур мудофеъи чапи тими Алюминюми Арокро зер назар доранд ва музокироти ибтидои низ барои ҷазби ин бозукун оғоз шудааст аммо бошгоҳи Алюминюм ба роҳатии муҷаввизи хуруҷи ин бозукунро содир нахоҳад кард.

Дар ин шароит шунида мешавад дар сурате ки Персполис дар ҷазби мудофеъи чапи дохили номувафақ бошад ин тим ба суроғи ҷазби мудофеъи чап хориҷи хоҳад рафт ва дар ин сурати Ваҳдат Ҳанонов аз феҳрести Персполисҳо хориҷ хоҳад шуд то ин тим мушкили барои пардохти дастмузди долларии бозикуни хориҷии ҷадид надошта бошад.

Барчасп