Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Туркия
(last modified Wed, 10 Jan 2024 12:08:45 GMT )
Январ 10, 2024 17:08 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия
    Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия дидору гуфтугӯ карданд.

Имрӯз, 10 –уми январи соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, мавзӯоти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ибтидои ин дидор, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози ризоят аз раванди кунунии тавсеаи равобит, густариши бештари ҳамкориҳои чандҷонибаву баландмуддати дуҷонибаи ду кишварро муҳим арзёбӣ кард.

Дар ин дидор тарафайн тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн, ба вижа иқтисодиву иҷтимоиро зарурӣ донистанду ҳимояти худро аз фаъолтар шудани ин раванд эълом карданд.

Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, саноат ва сармоягузорӣ яке аз заминаҳои муҳими равобити ду кишвар унвон шуд.

Таъкид шуд, ки фаъолияти муназзами комиссиюни муштараки байнидавлатӣ, баргузории ҳамоиши бозаргонону намоишгоҳҳои колоҳои тавлидии ду кишвар метавонад абзори барҷастае барои иртиқои ҳамкориҳои дуҷониба бошад.