Рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд баррасӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i110930-Рушди_ҳамкориҳои_кишоварзӣ_байни_Тоҷикистон_ва_Узбекистон_дар_Тошканд_баррасӣ_шуд
Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Узбекистон бо вазири кишовазии ин кишвари роҳҳои рушди ҳамкории кишоварзӣ байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 15, 2024 18:50 Asia/Dushanbe
  • Рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд баррасӣ шуд
    Рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд баррасӣ шуд

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Узбекистон бо вазири кишовазии ин кишвари роҳҳои рушди ҳамкории кишоварзӣ байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар тақвияти ҳамкориҳои кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар дидори Абдуҷабор Раҳмонзода сафири фавқулода ва томулохтёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Иброҳими Абдураҳмонов вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон дар Тошканд мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар хусуси иҷрои асноди имзо шудаи қабл дар заминаи ҳамкориҳои саноатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон гуфтугу карданд.

Ҳар ду ҷониб дар хусуси рушди ҳамкориҳо дар заминаҳои боғдорӣ, пилакорӣ, эҷоди корхонаҳои муштарак. гармхонаҳо ва тарбияти мутахассисони олирутба дар заминаи кишоварзии табодули назар карданд.