Январ 26, 2024 20:20 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон
    Баррасии ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон

Дар дидори сафири Эрон бо раиси Гуруҳи дӯстии порлумонии Тоҷикистону Эрон, бар нақши ҳамкориҳои порлумонӣ дар тавсеаи муносиботи ҳамаҷонибаи байни ду кишвар таъкид шуд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо Файзуллоҳ Баротзода, раиси Гуруҳи дӯстии порлумонии Тоҷикистону Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Сафири Эрон дар ин дидор бо ишора ба раванди ҷории тавсеаи ҳамаҷонибаи муносиботи байни ду кишвар, нақши ҳамкориҳои порлумонӣ, бавижа гуруҳи дӯстии порлумониро дар густаришу таъмиқи равобит муҳим донист.

Ҳақиқиён бо ишора ба имзои санади лағви раводид (бекор шудани виза) байни Эрону Тоҷикистон дар сафари ахири раиси ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон афзуд: Дар ояндаи наздик иҷрои низоми лағви раводид байни ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг барқарор хоҳад шуд.

Баротзода низ мавзӯи лағви раводидро ҷиҳати афзоиши тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ байни шаҳрвандони ду кишвар ҳоизи аҳамият арзёбӣ кард ва бар омодагии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои бистарсозии ҳуқуқӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳо таъкид кард.