Коҳиши маҳдудияти рӯзонаи интиқоли барқ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 04 Jan 2017 05:04:39 GMT )
Январ 04, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши маҳдудияти рӯзонаи интиқоли барқ дар Тоҷикистон

Маҳдудияти интиқоли барқ ба бахши хонагӣ аз имрӯз коҳиш меёбад.

Ба иттилои хабаргузории Спутник, мақомоти Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” аз коҳиши рӯзонаи маҳдудияти интиқоли барқ ба бахши хонагӣ дар Тоҷикистон хабар дода ва эълом кардаанд, ки аз имрӯз мардум аз соати 5 субҳ то 22 шаб ба барқ дастрасӣ хоҳанд дошт .

Аз аввали моҳи ноябри гузашта замони оғози лимити барқ токунун ба бахши хонагии Тоҷикистон ба ғайр аз шаҳри Душанбе ва марокизи вилоятҳо, рӯзона аз соати 5 субҳ то 11 зуҳр ва 16 аср то 22 шаб ба муддати 12 соат барқрасонӣ мешуд.

Мақомоти Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” гуфтаанд, ки ба далели баҳрабардорӣ аз марҳалаи дуввуми маркази гармдиҳии тавлиди барқ мавсум ба Душанбе 2 акнун заминаи афзоиши сооти интиқоли барқ дар Тоҷикистон фароҳам шудааст .

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Бонки ҷаҳонӣ, амалкарди Тоҷикистонро дар таъмини обу барқи мавриди ниёзи мардум номуносиб арзёбӣ ва таъкид карда буд, ки дар соли 2016 фаъолияти идороти обу барқ дар Тоҷикистон заиф буда ва мавориди қатъии обу барқ афзоиш ёфтааст .