Январ 04, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • Панҷ солу ними зиндон барои таблиғи афкори гурӯҳи Салафия дар Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон як сокини 31 солаи ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи мамнуи Салафия ба 5 солу ним зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои Авесто, Ҷалолиддин Азизӣ, қозии додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров гуфтааст, ки К. Каримов ҳангоме, ки ба унвони коргари муҳоҷир ба Русия рафта буд, дар яке аз масоҷиди шаҳри Маскав бо атбои қафқозии пайрави гурӯҳи Салафия ошно шуда ва таҳти таъсири таблиғоти онон ба ин фирқа гароиш ёфтааст .

Каримов пас аз бозгашт ба зодгоҳаш ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, иқдом ба таблиғи афкори фирқаи мамнуи Салафия карда ва аз сӯи мақомоти амниятӣ боздошт шудааст .

Қозии додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров афзуд: Ҳамчунин барои яке аз сокинони ин минтақа, ки аз фаъолиятҳои таблиғотии Каримов ба нафъи гурӯҳи мамнуи Салафия мутталиъ буда ва мақомоти амниятиро огоҳ накардааст низ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст .

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду бор дар солҳои 2010 ва 2014 бо ифротӣ эълом кардани гурӯҳи Салафия фаъолияти ин фирқаро дар ин кишвар мамнуъ кардааст .