Феврал 01, 2024 11:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 12 . 5 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия
    Афзоиши 12 . 5 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия

Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия дар соли гузаштаи милодӣ бо афзоиши 12 . 5 дарсадӣ беш аз 1 . 7 миллиард доллар бӯдааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва  Русия дар соли гузаштаи милодӣ афзоиш дошта ва ба болотарин ҳадди худ расид .

Дафтари матбуотии намояндагии тиҷории Русия дар Душанбе бо эъломи ин матлаб гуфт ки ҳаҷми гардиши молии байни ду кишвар дар як соли гузаштаи милодӣ беш аз 12 . 5 дарсад афзоиш дошта ва ба рекорд беш аз 1 . 7 миллиард доллар расид .Русия дар феҳристи шуракои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон бо саҳми 20 . 6 дарсади мақоми аввалро ба худ ихтисос дод .

Саҳми маводи хоми маъданӣ дар содироти Русия ба 40 . 1 дарсад расид, ки шомили маводи ғизоӣ , маҳсӯлоти шимиёӣ , чӯбу маҳсӯлоти чӯбӣ , фулуззоти оҳанӣ ва  маҳсӯлоти меканикӣ ва фаннӣ аст .

Дар соли гузаштаи милодӣ Тоҷикистон бо 71 минтақаи мухталифи Русия равобит тиҷорӣ доштааст. Бештарин миқдори маҳсӯлот аз Маскав, Санк Петербург ,Оренбург, Челябинск ,  Маскав , Свердловск , Красноярск , Самара , Ҷумҳуриҳои Татаристон ва Бошқирдистон ба ин кишвари ворид шудааст .

Содироти маҳсӯлоти Тоҷикистон ба Русия дар соли гузаштаи милодӣ 134 . 7 миллион доллар ( афзоиши 52 . 7 дарсадӣ ) ва  ҳаҷми умумии он 55 . 9 тан ( афзоиши 34 . 2 дарсадӣ ) буда аст. Русия тайи ин муддат аз Тоҷикистони маҳсӯлоти ғизоӣ ва  маводи хоми кишоварзӣ , шимиёӣ , пахта  ва нахи пахтаро  харидорӣ кардааст .