90 дарсади парвозҳои Русия ва Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои русӣ
Тақрибан 90 дарсади парвозҳои байни Тоҷикистон ва Русия бо ширкатҳои ҳавоии Русия аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дилшод Сафарзода, мудири Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон гуфт:Панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, онҳо 88 дарсад аз кулли парвозҳоро анҷом медиҳанд ва 12 дарсади боқимонда тоҷикистонӣ ҳастанд , дар айни ҳол, танҳо як ширкати ҳавопаймоии миллии мавҷуд, Сомон АЭР, аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунад.
Ӯ гуфт: «Мо муҷаввизи парвоз тақрибан ба тамоми манотиқи Русияро дорем, аммо ҳама чиз ба тавоноииҳои танҳо ширкати ҳавопаймоии мо бастагӣ дорад.
Ба гуфтаи вай, Сомон АЭР дар ҳоли ҳозир дорои 6 Боинг аст.
Сафарзода гуфт: Ҳамчунин хатҳои ҳавоии АЭР Остона, Узбакистон аэрлайнс, Флай Дубай, Туркиш аэрлайнс, Вориши Эрон, Ҷазираи Кувейт ва Ботаи Озарбойҷон ба Тоҷикистон парвозҳои муназзам доранд.
Дар соли 2023 фурудгоҳи Душанбе ба 2.27 миллион мусофир хадамотрасонӣ кард, ки 470 ҳазор ё 27 дарсад бештар аз соли қабл аст.
Сафарзода ҳамчунин гуфт, ки қасд дорем фурудгоҳи байналамиллалии дигаре дар Данғара - дар 110 километрии ҷануби Душанбе ифтитоҳ шавад.
Вай гуфт: Ин мавзӯъ тавассути Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорат ва Сандуқи сармоягузории Қатар дар ҳоли баррасӣ аст, маҳал қаблан интихоб шудааст, интизор дорем то соли 2024 натоиҷе аз музокирот ҳосил шавад.