Феврал 04, 2024 12:52 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Русия дар Тоҷикистон барои сохти мактабҳо
    Сармоягузории Русия дар Тоҷикистон барои сохти мактабҳо

Вазири маъориф ва илми Тоҷикистон гуфт: Давлати Русия барои ин кишвари 200 миллион рубл ихтисос медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник,  Раҳим Саидзода зимни эъломи ин матлаб гуфт: ки аввалин муассисоти омузиши ки буҷет дарёфт мекунанд мактабҳое хоҳанд буд ки фароянди омузиши дар онҳо ба забони русӣ анҷом мешавад.

Ба гуфта вай ин маблағ барои навиштан ва интишори китобҳои дарсӣ барои 244 муассисаи омузиши истифода мешавад.

Саидзода хотирнишон кард ки дар ҳолиҳозир дар қаламрави Тоҷикистони 60 мактаб аст ки дар онҳо таълим фақат ба забони русӣ анҷом мешавад.

Барасоси суханони вай то поёни феврали имсоли китобҳои дарсии татбиқ шуда ироа мешаванд ва қарораст то аввали сентябри соли ҷории вориди муассисот омӯзишӣ шаванд .

Ба гуфтаи вазир дар соли 2024 барои маорифи Тоҷикистон беш аз 8 миллиард сомонӣ сарф мешавад. Ин нисбат ба соли 2023 1,2 миллиард ё 12,5 зиёд аст.

Ёдовар мешавем, ки Русия ахиран барои сохтмони 5 мактаб Тоҷикистон 150 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд, ки онҳо аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода фаъолият доранд. Ҳар як муассисаи таълимӣ барои 1200 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Барчасп