Феврал 05, 2024 10:01 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Кувайт роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
    Тоҷикистон ва Кувайт роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Зубайдуллоҳи Зубайдзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт бо Имод Муҳамад ал-Атиқӣ , муовини нахуствазир ва вазири нафти кишвари Кувайт дидор ва гуфтугӯ кард .

Ба гузориши “Ховар” ба нақл аз Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар ин дидор тарафайн роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои арсаҳо ва ҳамчунин фаъолсозии нақши гурӯҳҳои корӣ дар чорчӯби камиссиюни муштараки байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ,  тиҷорӣ, илмӣ ва  фаннии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  давлати Кувайтро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .