Рушди ҳамкори меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Созмони озуқаи ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i111802-Рушди_ҳамкори_меҳвари_дидори_мақомоти_Тоҷикистон_ва_Созмони_озуқаи_ҷаҳонӣ
Исматулло Насруддин муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Олег Гучгелдиевро раиси созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид "UNFAO" дар Тоҷикистон дидор ва гуфтугу кард.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 13, 2024 18:34 Asia/Dushanbe
  • Рушди ҳамкори меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Созмони озуқаи ҷаҳонӣ
    Рушди ҳамкори меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Созмони озуқаи ҷаҳонӣ

Исматулло Насруддин муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Олег Гучгелдиевро раиси созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид "UNFAO" дар Тоҷикистон дидор ва гуфтугу кард.

Дар рафти вохури вазъи кунуни ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, инчунин раванди амалишавии лоиҳаҳои UNFAO дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид як созмони байналмилалӣ аст ки дар соли 1945 тавассути 44 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид таъсис шуд ва дар заминаи рушди кишоварзӣ фаъолият дорад.