Коҳиши 16 дарсадии хурӯҷи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон
Вазири кор , иштиғол ва муҳоҷират Тоҷикистон гуфт : Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон ки тамоюл доштанд барои кор ба кишварҳои дигар аз ҷумла Русия бираванд 16 дарсад коҳиш ёфтааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник ; Гулнора Ҳасанзода , афзӯд : « Хурӯҷи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар соли гузаштаи 16 дарсад коҳиш ёфтааст ; 652 ҳазор нафар дар соли 2023 дар муқоиса бо 775 . 5 нафар дар соли 2022 ба хориҷ аз кишвар рафтанд .
Ба гуфта вай , аз маҷмӯи 627 ҳазор муҳоҷир ба Русия , 18 . 4 ҳазор нафар ба Қазоқистон ва 6 . 5 ҳазор нафар ба соири кишварҳо рафтаанд .
Вазири кор , иштиғол ва муҳоҷирати Тоҷикистони афзӯд : Беш аз 100 ширкати рӯсӣ барои ҷазб беш аз 20 ҳазор коргар аз Тоҷикистон дархост додаанд .
Илова бар ин , аз 1 то 10 ширкат аз Туркия , Беларус , Қазоқистон , Полша , Қатарва Арабистони Саъӯди алоқаманд ба даъвати нерӯи кор аз Тоҷикистон ҳастанд .
Ҳасанзода хотирнишон кард ,ки дар соли 2023 , Тоҷикистон дар системаи судури муҷавизи кори Карея гунҷонда шуд ки боиси танавуъ бахшидан ба ҷараёни муҳоҷирати нерӯи кор аз ин кишвар хоҳад шуд .
Ҳамчунин ба гуфта Ҳасанзода , ин Вазоратхона ёддошти тафоҳум бо давлати Кувайт дар мавриди табодули нерӯи кор дар бахши хусӯсӣ имзо кард .