Феврал 15, 2024 11:48 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 16 дарсадии хурӯҷи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон
    Коҳиши 16 дарсадии хурӯҷи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон

Вазири кор , иштиғол ва муҳоҷират Тоҷикистон гуфт : Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон ки тамоюл доштанд барои кор ба кишварҳои дигар аз ҷумла Русия бираванд 16 дарсад коҳиш ёфтааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник ; Гулнора Ҳасанзода , афзӯд : « Хурӯҷи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар соли гузаштаи 16 дарсад коҳиш ёфтааст ; 652 ҳазор нафар дар соли 2023 дар муқоиса бо 775 . 5 нафар дар соли 2022 ба хориҷ аз кишвар рафтанд .

Ба гуфта вай , аз маҷмӯи 627 ҳазор муҳоҷир ба Русия , 18 . 4 ҳазор нафар ба Қазоқистон ва 6 . 5 ҳазор нафар ба соири кишварҳо рафтаанд .

Вазири кор , иштиғол ва  муҳоҷирати Тоҷикистони афзӯд : Беш аз 100 ширкати рӯсӣ барои ҷазб беш аз 20 ҳазор коргар аз Тоҷикистон дархост додаанд .

Илова бар ин , аз 1 то 10 ширкат аз Туркия , Беларус , Қазоқистон , Полша , Қатарва  Арабистони Саъӯди алоқаманд ба даъвати нерӯи кор аз Тоҷикистон ҳастанд .

Ҳасанзода хотирнишон кард ,ки дар соли 2023 , Тоҷикистон дар системаи судури муҷавизи кори Карея гунҷонда шуд ки боиси танавуъ бахшидан ба ҷараёни муҳоҷирати нерӯи кор аз ин кишвар хоҳад шуд .

Ҳамчунин ба гуфта Ҳасанзода , ин Вазоратхона ёддошти тафоҳум бо давлати Кувайт дар мавриди табодули нерӯи кор дар бахши хусӯсӣ имзо кард .

Барчасп