Дархости Тоҷикистон аз Эрон барои такмили нақби Истиқлол
(last modified 2016-08-01T13:22:35+00:00 )
Август 01, 2016 18:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон аз Эрон барои такмили нақби Истиқлол

Ба гузориши хабаргузории Азия плюс, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз (душанбе), дар нишасти хабарӣ гуфт, такмили нақби Истиқлол ва насби таҷҳизоти рӯшноидиҳанда, ҳавософкун ва таъмини низоми зидди сӯхтор дар нақб ва воситаҳои иловагӣ заруранд.

Вай гуфт, барои такмили ин корҳо Душанбе хостори ихтисоси маблағҳои изофӣ аз сӯи Эрон шудааст ва дар ҳоли ҳозир ин дархости Душанбе дар Теҳрон дар ҳоли баррасӣ аст.

Ба гуфтаи Вазири нақлиёти Тоҷикистон, токунӯн бо шаш миллион доллар аз ҳисоби маблағҳои иловагии Душанбе ва Теҳрон, кори бетонрезӣ ва заҳбуркании тунел ба анҷом расидааст ва боқимондаи ин маблағ, сарфи насби системаи равшаноии тунел хоҳад шуд.

Дар пайи тавофуқи Душанбе ва Теҳрон барои такмили тунели Истиқлол, дар моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард. Барои такмили ин тунел Душанбе ва Теҳрон ҳар як 3 миллион долларӣ ихтисос дада буданд.