Феврал 24, 2024 12:54 Asia/Dushanbe
  • Супоридани нишони” Дӯстӣ”-и Тотористон ба Эмомалӣ Раҳмон

Ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нишони “Дӯстӣ”-и ҷумҳурии Тотористон супурда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник,ин нишон тайи маросиме дар шаҳри Қазон тавассути Рустам Минихонов, раиси ҷумҳури Тотористон ба далели мушорикати барҷастаи раиси ҷумҳури Тоҷикстон дар тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Тотористон ва таҳкими дӯстӣ ба  Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ин маросим бо ташаккур аз раиси ҷумҳури Тотористон ин ҷоизаро ҷоизаи шоиста барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон донист.

 Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни ишора ба фурсатҳо ва манобеъи фаровон барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Тотористон, бар ангезаи тарафи Тоҷикистон барои истифодаи муассир аз зарфиятҳо таъкид кард.

Рустам Минихонов ҳам таъкид кард, мардуми Тоҷикистон равобит ва ҳамкории муфиди бо Тотористон доранд ва дар ҳамин росто аз бисёре аз донишомӯзон тоҷик дар ин минтақа ба далели фароҳам кардани заминаҳои омӯзиши хуб қадрдонӣ шуданд.

 Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ барои раҳбарӣ ва мардуми Тотористон орзуи дастовардҳои ҷадид дар роҳи тавсеа, пешрафт ва шукуфоии бештари ин ҷумҳурӣ орзу кард.

 

 

Барчасп