Феврал 28, 2024 21:10 Asia/Dushanbe
  • Зарфиятҳои сармоягузории муштараки Тоҷикистону Эрон
    Зарфиятҳои сармоягузории муштараки Тоҷикистону Эрон

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон дар дидори сафири Эрон, бо ишора ба фурсатҳои мавҷуд дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, аз ширкатҳои эронӣ ҷиҳати фаъолият дар ин бахш даъват кард.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо Султон Раҳимзода, раиси ҷадиди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Дар ин дидор ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва зарфиятҳои сармоягузории муштарак дар тарҳҳои бузургу зерсохтӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон зимни ибрози ризоят аз раванди рӯ ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар, мушорикати муассири ширкатҳои эронӣ ва сармоягузорӣ дар пружаҳои зербиноии ин кишвар, аз ҷумла сохти садду нерӯгоҳи “Сангтӯда -2”, ҳафри туннели “Истиқлол” ва мушорикат дар бунёди нерӯгоҳи бузурги “Роғун”-ро мавриди тавваҷуҳ қарор дод ва бар лузуми афзоиши ин ҳамкориҳо байни ду кишвар таъкид кард.

 

Барчасп