Мушорикати Эрон дар сохти баландтарин садди ҷаҳон
(last modified Fri, 01 Mar 2024 10:55:02 GMT )
Март 01, 2024 15:55 Asia/Dushanbe
  • Меҳробиён: Пружаи арзишманде дар кулли минтақа дар ҳоли анҷом аст
    Меҳробиён: Пружаи арзишманде дар кулли минтақа дар ҳоли анҷом аст

Вазири неруи Эрон бо ишора ба боздид аз пружаи “Роғун” дар сафар ба Тоҷикистон гуфт, пружаи арзишманде дар кулли минтақа дар ҳоли анҷом аст.

Садди неругоҳи “Роғун” бо ҳаҷми оби 14 миллиард метри мукааб, 3600 мегаватт тавон ва 100 километр туннел, ба унвони баландтарин садди ҷаҳон дар дасти сохт аст ва ширкатҳои зиёди фаъоли эронӣ низ дар ин пружа машғул ба коранд.

Нишасти маҷозии пайгирии бандҳои санади ҳамкориҳои муштараки Эрону Тоҷикистон дар шонздаҳумин Комиссияи муштараки ду кишвар, бо ҳузури Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Эрон ва Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, Меҳробиён аз талошҳои давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории шонздаҳумин иҷлоси Комиссияи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва барпоии намоишгоҳи “Эронсохт”, ки дастовардҳои хуберо ба намоиш гузошт, қадрдонӣ кард.

Вазири неру омодагии ширкатҳои эронӣ барои ҳузуру фаъолият дар пружаҳои кишвари Тоҷикистонро ёдовар шуду афзуд: Хадамоти ширкатҳои эронӣ дар тамоми ҳавзаҳо, ба вижа дар ҳавзаи турбинаҳои бузург ва бахшҳои текникӣ қобили ироа аст ва метавон бо истифода аз тавони ширкатҳои фаъол дар ин пружа ва ҳузури дигар ширкатҳои тавонманди эронӣ ба такмили пружа суръати бештаре бахшид.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда – 2” ва бунёди нерӯгоҳи хуршедӣ дар минтақаи Ворух аз дигар меҳварҳои мавриди баҳс дар нишасти вазирони неру ва энержии ду кишвари Эрону Тоҷикистон буд, ки мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.

Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон низ бо баёни ин ки баррасии мавориди санаду қобилияти иҷроӣ будани он баъд аз имзои санади шонздаҳумин Комиссияи муштараки Эрону Тоҷикистон дар авлавият аст, дархости пайгирии қарордоди “Сангтӯда – 2” ва бозпардохти мутолиботи ширкатҳои эронӣ, эҳдоси нерӯгоҳи хуршедӣ дар минтақаи Ворух ва ҳамкориҳои лозим ҷиҳати таъмини сӯхт ҷиҳати роҳандозии полоишгоҳи Данғара дар Тоҷикистонро дар комиссия матраҳ кард.

Тибқи эъломи Вазорати неруи Эрон, гузориши шонздаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва илмии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ намоишгоҳи “Эронсохт” барои табодули иттилоот, барқарории иртибототи тиҷории ҷадид, афзоиши тавонмандии касбу кор ва ошноӣ бо охирин дастовардҳои ширкатҳои эронӣ дар даймоҳи имсол ба мизбонии Вазорати энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки ба унвони пулӣ барои тавсеаи содироту табодули таҷориб бо кишвари Тоҷикистон будааст.

 

Бештар бихонед: