Январ 05, 2017 15:54 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар додситонӣ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон тайи як фармон афроди ҷадидеро ба симматҳои додситонӣ ва фармондеҳии нерӯҳои марзбонии вилоятҳои ин кишвар таъйин кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон додситонҳои ҷадид аз миёни нерӯҳои ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба вазифа таъйин шудаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин фармондеҳони раёсатҳои нерӯҳои марзбонии вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғдро аз байни афсарони ботаҷриба, бомаҳорат ва низ фориғ-ут-таҳсилини макиабҳои олии омӯзиши низомӣ таъйин кард. Бештари интисобот аз миёни нерӯҳои ҷавоне сурат гирифтааст, ки забонҳои хориҷиро мусаллат буда, дорои таҷрибаву маҳоратҳои корӣ ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон масъулони ҷадидро муваззаф кард, то муборизаро бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шиддат бахшанд ва дар ҳавзаи кори худ аз фаъолиятҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру фасод пешгирӣ кунанд.