Март 14, 2024 19:29 Asia/Dushanbe
  • Довари тоҷикистонӣ : Имконоти мавҷуд дар шаҳроварди Теҳрон дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ аст

Саъдуллоҳ Гулмуродӣ-довари тоҷикистонии мустақар дар утоқи var барои шаҳроварди пойтахти Эрон, ки рӯзи гузашта байни дастаҳои Истиқлоли Теҳрон ва Персполис дар ҳафтаи бистуми Лига бартари фасли 1403-1402 баргузор шуд, гуфт: Хеле хушҳолам,ки аз ҷониби Федератсияи футбол барои ҳузур дар шаҳровард(дерб)ии 103-уми Теҳрон даъват шудам.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, довари байналмилалии футболи қораи Осиё афзуд: Наметавонам дар бораи амалкарди доварон тибқи қонун сӯҳбат кунам, аммо хушҳолам муҳити хеле хуби ин дидори бузург дар қораи Осиёро дидам.

Гулмуродӣ дар бораи имконот ва таҷҳизоти ин утоқ хотирнишон кард: Аз назари ман таҷҳизоте, ки дар var барои ин дидор истифода шуд, барои тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст ва метавонад дар бозиҳои байналмилалӣ низ аз он истифода шавад.

 

 

 

Барчасп