Дидори раисони ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон
Март 17, 2024 18:27 Asia/Dushanbe
Дидори раисони ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таҳдид ҳудӯд ва таъйини марзҳои давлатӣ баргузор шуд.
Дар таърихи 15 марти соли 2024, дидори Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, расони муштараки ҳайатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди таҳдиду таъйини марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстон, воқеъ дар вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар натиҷаи музокирот, пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳе ҳосил шуду дастурҳои мушаххас ба гуруҳҳои зирабти тарафайн дар хусӯси таҳдиди ҳудӯду таъйини марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба манзури идомаи кор барои таъйини бештари хати марзи ду кишвар дар манотиқи боқимонда дода шуд.