Рунамоӣ аз муҷассамаи Абуабдуллои Рудакӣ дар Лондон
(last modified Tue, 19 Mar 2024 09:31:43 GMT )
Март 19, 2024 14:31 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз муҷассамаи Абуабдуллои Рудакӣ дар Лондон
    Рунамоӣ аз муҷассамаи Абуабдуллои Рудакӣ дар Лондон

Муҷассамаи Абуабдуллои Рудакӣ дар Лондон рунамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар донишгоҳи "SOAS" Лондон, сифорати Тоҷикистон дар Британия барномаи илмӣ-фарҳангии таҳти унвони "Рудакӣ падари шеъри форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ" баргузор кард ки дар он ним муҷассамаи устоди Абуабдуллои Рудакӣ рунамоӣ шуд.

Рухшонаи Эмомалӣ, сафири фавқулода ва томулохтёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британия барномаро ифтитоҳ ва пас аз суханронии ду устоди донишгоҳи "SOAS" ним муҷассамаи Абуабдуллои Рудакӣ дар Лондон рунамои шуд.