Дидори масъулони Тоҷикистону Туркия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i112960-Дидори_масъулони_Тоҷикистону_Туркия_дар_заминаҳои_сиёсӣ_иқтисодӣ_ва_сармоягузорӣ
Тоҷикистону Туркия дар мавриди равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 24, 2024 17:41 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Тоҷикистону Туркия дар мавриди равобити дуҷониба
    Ройзании мақомоти Тоҷикистону Туркия дар мавриди равобити дуҷониба

Тоҷикистону Туркия дар мавриди равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ гуфтугӯ карданд.

Фаррух Шарифзода, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҷумҳурии Туркия ба раёсати Маҳмет Симсор, раиси Идораи аслии ҳамкориҳои сиёсии Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқии Вазорати умури хориҷаи Туркия дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор вазъияти мавҷуд ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, гардишгарӣ, беҳдошт, амнияту дифоъ, илмиву фарҳангӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ мавриди баҳс қарор гирифт.