Ҷаласаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар Душанбе
Вазъ ва чашмандози ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Муҳаммадалӣ Ватанзода, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз бо ҳайати парлумонии Гурҷистон ба раёсати Николоз Самхарадзе, раиси кумитаи равобити байналамилали парлумони Гурҷистон, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор таъкид шуд, ки тарафи Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши бештари равобит бо ҷумҳурии Гурҷистон аз ҷумла тақвият ва густариши равобити байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи вежа дорад.
Баён шуд, ки равобити дуҷониба байни Тоҷикистон ва Гурҷистон аз тариқи гуфтугӯҳои идомадори сатҳи боло дар ҳамаи заминаҳо мӯҳтавои нав пайдо мекунад ва дар оянда бисёре аз заминаҳои мавриди алоқа ва манофеъи ду тарафро дар бар хоҳад гирифт.