Дидори сафири Эрон бо раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
(last modified Sat, 30 Mar 2024 12:35:53 GMT )
Март 30, 2024 17:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон бо раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Эмомалӣ Насриддинзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба ва тақвият додани самти илму маориф, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши хабаргузории Ховвр, ректори донишгоҳ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафораташро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Бад-ин тариқ ҳамкориву равобити густурдае байни ду давлат дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ оғоз гардида, риштаҳои пайванду ҳамкории муштарак байни Донишгоҳи миллӣ ва бисёр муассисаҳои олии Ҷумҳурии Исломии Эрон вусъати бештар пайдо намуд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз намуд, ки «ҳамкории илмиву фарҳангии ду давлат яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон аст, зеро табодули таҷриба байни донишмандон, муаллимон, донишомӯзон, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ- ҳунарии ду давлат ва ширкати донишмандону фарҳангиён дар ҳамоишҳои байналмилалӣ аз авлавияти аслии ин равобит аст».

Изҳори умедворӣ шуд, ки дурнамои неки муносибатҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг боз ҳам қавӣ гардида, ҳамкорӣ дар самтҳои илму таълим ва фарҳангу робита минбаъд низ густариш меёбад.