Ҳукми зиндон барои ширкат дар нишасти “Гурӯҳи 24”
(last modified 2017-01-07T05:02:16+00:00 )
Январ 07, 2017 10:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои ширкат дар нишасти “Гурӯҳи 24”

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини 28-солаи ноҳияи Қубодиёнро ба иттиҳоми ширкат дар нишасти “Гурӯҳи 24” дар Русия ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши  хабаргузории “Азиа плюс”, бар асоси ин ҳукм, Саид Зиёев ба иттиҳоми ширкат дар нишасти “Гурӯҳи 24”, як гурӯҳи сиёсии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2014, мушорикат дар фаъолиятҳои ин гурӯҳи ифротӣ ва таблиғи аҳдофи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Саидмуҳиддин Қосимов, вакили мудофеи Саид Зиёев бо радди ин иттиҳомот гуфтааст, ки ширкати фарди таҳти ҳимояташ дар нишасти “Гурӯҳи 24” дар Русия марбут ба моҳи сентябри соли 2014, қабл аз мамнӯияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон аст, аз ин рӯ, ин ҳукм аз назари ҳуқуқӣ комилан беасос аст. Қосимов афзуд, Саид Зиёев дар нишасти мавриди иддаои додгоҳи вилояти Хатлон дар моҳи ноябри соли 2014 ҳузур надоштааст.

Фаъолияти “Гурӯҳи 24” дар Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 мамнӯъ шуд ва аз он замон то кунун даҳҳо нафар аз аъзои ин созмон боздошту ба зиндон маҳкум шудаанд.