Апрел 08, 2024 17:53 Asia/Dushanbe
  • Чашмандози ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт
    Чашмандози ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт

Тоҷикистон ва Кувайт дар маврид чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ гуфтугу карданд.

Зубайдуллоҳ Зубайдзода сафири фавқулода ва томулохтёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт бо Абдуллоҳ Али Абдуллоҳи Аляҳи, вазири хориҷаи кишвари Кувайт дидоругуфтугу кард.

Ба гузориши Ховар ба нақл аз вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор тарафайн дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷор, иқтисодӣ, башардустона ва дигар заминаҳои мавриди алоқаи тарафайнро баҳсу барраси ва бар лузуми анҷоми сафарҳои баландпоя таъкид карданд.

Дар ин заминаи омодагии ду тараф барои баргузарии руйдодҳои муштарак бо аҳамияти байналмилалӣ эълом шуд.